Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Вожгунагӣ дар пасонавгароӣ

Бисёре аз андешамандони муҳофизакор (консерватив), ки кӯшидаанд истилоҳи “пасонавгароӣ” (постмодернизм)-ро дар бофтори фалсафӣ, фарҳангӣ ё ҳунариаш тавзеҳ диҳанд, онро номушаххасу гунг ва гоҳ пуч ёфтаанд. Ба ҳамон шева, ки пучгароиро яке аз вижагиҳои пасонавгароён медонанд, худи ин истилоҳро ҳам баромада аз боварҳои ҳечангорона пиндоштаанд, ки танҳо ба хотири шикастани шолудаҳо ва ҳанҷор (систем)-ҳои ҷоуфтода сохта шуда. Агар “мудерн”-ро ҳар амр ё шайъи воқеъ дар замони ҳол ё муъосир фарз кунем, пас “пасомудерн” мантиқан бояд тасаввури иддае аз умуру ашёи фардо бошад, ки ҳанӯз воқеъ нашудааст. Ва чизе, ки воқеъ ё ҳодис нашуда, наметавонад вуҷуд дошта бошад.

Аммо Стивен Конур (Steven Connor), устоди адабиёти муъосир ва назария дар Донишгоҳи Ландан, барои “пасонавгароӣ” таърифи дигаре дорад: чархиш аз султаи хафақоновари ривоятҳои калон ба худмухтории пуртафриқаи хурда-ривоятҳо. Дар воқеъ, пасонавгароӣ қавитарин ҷараёнест, ки дар вокуниш ба “мудернизм”-и мутлақгаро падид омад ва бо афзудани пешванди “пасо-“ худро халафи он донист ва ҳақиқатҳои собити “таҷаддуд”-ро ба чолиш кашид; бо ин бовар ки дар ҷаҳони ҳастӣ ҳеч ҳақиқате мутлақ ва мусаллам нест, балки ҳақиқати як фард метавонад барои фарде дигар дурӯғи маҳз бошад; яъне шеваи дарки ҳастӣ тавассути афрод зеҳнӣ аст, на айнӣ. Бо вуҷуди ин, бисёре пасомудернизмро дунбола ё натиҷаи тавсеъаи бархе аз буъдҳои мудернизм донистаанд, ки батадриҷ аз он фосила гирифта ва муҷаззо шудааст. Агар “мудерният” (modernism)-ро мафҳуме қотеъ, дақиқ ва мутқан фарз кунем, пешванди “пасо-“ (post-) омада буд, то он яқин ва қотеъиятро дучори гирдоби тардиду билотаклифӣ кунад, то шояд масире дигар ёфт шавад.

Акнун метавон андешаҳои пасонавгароёнаро дар адабиёту меъморӣ, забоншиносию ҷомеъашиносӣ, ториху адён ва мардумшиносӣ, мусиқӣ ва ҳунарҳои дидорӣ баосонӣ радёбӣ кард. Андешаҳое, ки омадаанд сабкҳо ва гунаҳои ҷоуфтода дар паҳлуҳои гуногуни зиндагии башариро вожгун кунанд. Аз ин ҷост, ки намоишгоҳи “Пасонавгароӣ: гуна ва вожгунагӣ дар садо ва тасвири даҳаҳои 1970 то 1990” дар музеи Виктуриё ва Олберти Ландан бо намоҳое аз вайронӣ оғоз мегирад: сандалӣ дар коми оташ (асари Олессондру Мендинӣ) ва майдони бузурге дар Жопун, ки меъмораш (Arata Isozaki) онро ба шакле сохта, ки гӯӣ ҳолати вайронии маҳал дар ояндаро мутасаввир шудааст.

Намоишгоҳ бештар ҷанбаи торихӣ дорад, то таърифӣ. Вижагиҳои “пасонавгароӣ”-ро дар гӯшаҳое аз намоишгоҳ бар тасвирҳое гузаро навиштаанд. Аммо он чи ки дар намоишгоҳ бар он таъкид шуда, намунаи осори пасонавгароёнаи авохири садаи 20 мелодӣ аст; 20 соле, ки авҷи ҷараёни пасонавгароӣ ба шумор меояд. Вагарна истилоҳи “пасонавгароӣ” (post-modernism) ба маънои бинишу андешаи ғайримутаъориф ва мутафовит дар Урупои поёни садаи 19 мелодӣ падид омада буд; аммо дар поёни садаи 20 буд, ки бори ҳунарию фарҳангии ин фароянд барои ҷаҳониён малмустар, ҷаззобтар ва пазируфтанитар шуд.

Осори дидорию шунидории намоишгоҳ баёнгари бархурд ва тазодди пасомудернизм бо мудернизм аст. Дар китоби қатури вижаи ин намоишгоҳ бархурди ин ду чунин шарҳ шудааст: “Мудернизм эъломияҳо ва мактабҳои худро дошт, дорои урдугоҳҳо ва қаҳрамонҳои худ буд ва муқтадирона иддаъо дошт, ки як ҷунбиши тамомъайёр аст. Бар хилофи он, пасомудернизм маҷмӯъае аз намоҳои уребу муъавваҷ ва адову ишораҳои киноядор буд. Мудернизм панҷараҳои наверо барои нигаристан ба ҷаҳон сохта буд; абзори пасомудернистҳо, аммо, оинае шикаста буд. Мудернизм ғарқи хиёлбофӣ буд, то тарҳе нав дарандозад; пасомудернизм ба шабистони шаҳр нигоҳе нав меандохт. Мудернизм муддаъӣ буд, ки фаротар аз сабку гуна аст (чун сабк тағйирпазир аст ва номуносиб барои мудернизми “фарогир” ва “ҷаҳонӣ”). Сабку гуна, аммо, буду набуди пасомудернизм буд. Ба ҷои сиҳҳату асолат пасомудернизм ба пайвандхурдагӣ ва имтизоҷ арҷ мегузошт ва “равишу рафтор”-ро ҷойгузини “ҳақиқат” карда буд”.

Пасомудернизм тақрибан ба ҳамаи гунаҳои халлоқият ва тафаккури фалсафӣ роҳ ёфт. Дар даҳаи 1970 арсаҳои гуногуни фарҳанги Ғарб муддаъии “нуқтаи атфи пасонавгароёна”-и худ шуданд: филму рақсу адабиёт ҳамагӣ бо дур шудан аз шеваҳои “пешраву талоядор” (авангард) ба имтизоҷи номутаҷонис (ноҳамгун)-и наву куҳна рӯй оварданд, ки аз вижагиҳои пасонавгароӣ аст. Дар оғози даҳаи 1980 пасонавгароӣ аз меъмории сохтмон ва тарроҳии ашё фаротар рафт ва ба мудели мӯ, шаклу муҳтавои шеър, наҳваи таҳияи намоҳанг (клипи мусиқӣ) ва ғайра тасаррӣ ёфт (сироят кард). Аммо баландтарин баёнияҳои пасонавгароёнаро мешуд ҳамоно дар меъмории каҷу ноҳамвор ва дарҳаму ноҳамгуни он мушоҳида кард. Пасомудернизм мисли ҷуғде ба вайронаҳои мудернизм паноҳ бурда буд ва аз лошаи он тағзия мекард. Тайи ҳамон ду даҳаи 1970 то 1990 буд, ки пасонавгароӣ дар ҳунарҳои дидорию шунидорӣ по гирифт ва ҷо уфтод. Бисёре аз рӯйкардҳои он ки дар оғоз ғайримутаъориф (ғайриъодӣ) буданд, акнун вориди масири умдаи андешагӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ шудаанд ва осоре, ки дар оғоз ёғиёна аз намоишгоҳҳо фирор мекарданд, акнун намоишгоҳҳои музеҳои муътабаре чун Виктуриё ва Олберти Ланданро ороиш медиҳанд.

Дар намоиши тасвирии ин сафҳа тасвирҳое аз намоишгоҳи музеи Виктуриё ва Олберти Ланданро мебинед. Мусиқии ин намоиш таркибест аз оҳангҳои овозхонон ва гурӯҳҳои пасонавгарои даҳаҳои 1970-1990: David Bowie,  Blondie, The Human League, Eurythmics, Orchestral Manoeuvres in the Dark, Joy Division.

 
Postmodernism: Style and Subversion, 1970-1990
V&A Museum, London
24.09.2011 - 15.01.2012


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.