Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Аждаҳои зебои хуфта
Парвиз Аминов

Сад сол пеш дар минтақаи Бадахшон заминларзае бисёр шадид иттифоқ уфтод. Порае азим аз кӯҳе дар ин минтақа бар рӯи рустое ба номи Усой фурӯ рехт. Усой бо ҳамаи мардумаш зери хок рафт ва ҷои онро баландтарин оббанди ҷаҳон (ба иртифоъи 567 метр) гирифт. Оби шохае аз рӯди Мурғоб пушти ин сад анбошта шуд ва рустои муҷовири Сарезро балъид. Бино ба додаҳое, ки солҳо баъд ошкор шуд, рӯиҳамрафта 300 тан зери хок рафтанд. Ин заминларза нақшаи ҷаҳонро ҳам дастхуши тағйироте кард: дар Тоҷикистон дарёчае нав шакл гирифт, ки акнун дарозои он 56 килуметр ва жарфои он ҳудуди 500 метр аст.

Тайи се соли нахуст садди дарёча муҳкаму беманфаз буд, аммо аз соли 1914 ба баъд бо афзоиши фишори оби анбошта шохаҳое аз об аз фарози садди баланд саррез шуд. Гунҷоиши дарёчаро 20 милёрд тун об баровард кардаанд. Мизони оби он дар ҳоли ҳозир фақат 17 милёрд тун аст. Бо гузашти сад сол аз пайдоиши дарёчаи Сарез нигарониҳо аз вайронии эҳтимолии садди он рӯ ба афзоиш аст. Дар сурати вайронии сад оби дарёча зиндагӣ ва хонаву кошонаи ҳудуди ҳафт милюн тан аз мардумро дар Тоҷикистон, Афғонистон, Узбакистон ва Туркманистон бо худ хоҳад бурд.

Мутолеъоти мукаррари мизони эминии дарёчаи Сарез нишон додааст, ки лағзиши порае аз сатҳи фарсудаи сад ё рехтани харсангҳои азими кӯҳҳои атроф ба даруни дарёча метавонад барои мардуми минтақа паёмадҳои мусибатборе дошта бошад. Ба манзури ҷилавгирӣ аз вуқӯъи чунин ҳаводисе кишварҳои минтақа борҳо нишастҳои байнулмилалӣ баргузор кардаанд. Саранҷом соли 2004 гурӯҳе аз коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ натиҷаи таҳқиқоти худро мунташир карданд ва итминон доданд, ки девораи дарёчаи Сарез муҳкаму амн аст.

Аммо аз нигаронии мардуми минтақа, ки аз заминларзаҳо хотироти талхи фаровоне доранд, коста намешавад ва бим доранд, ки дарёчае, ки зоидаи як заминларза буд, метавонад бо заминларзае дигар аз байн биравад. Бавижа ин ки сатҳи оби он ҳамасола то бист сонтиметр афзоиш меёбад ва девораи дарёчаро осебпазиртар мекунад. Барои коҳиши хатари Сарез иддае аз коршиносон пешниҳод кардаанд, ки он ба як нерӯгоҳи обӣ табдил шавад ё оби он лӯлакашӣ шавад.

Бад-ин гуна, бархе дарёчаи Сарезро, ки моҳи феврие (феврал)-и соли 1911 бо як такони саҳмгини замин падид омад, “аждаҳои хуфта” меноманд, ки аз бедор шуданаш метарсанд. Иддае дигар, фориғ аз хатароти нуҳуфта дар он, Сарезро ба “зебои хуфта” ташбеҳ мекунанд, ки дар дили кӯҳҳои осмонбӯси Бадахшон ба оромӣ ғунудааст.

Тоҷикистон сарзамине кӯҳистонист, ки 93 дарсад аз хоки он кӯҳсор аст. Додани ин сарзамин ба тоҷикони шӯравӣ ва ҷудо кардани шаҳрҳои порсигӯи минтақа аз ин ҷумҳурӣ дар даҳаҳои 1920 ва 1930-и мелодӣ аз муъзалоти аслии ташкили ҷумҳуриҳои шӯравии Осиёи Миёна будааст. Равшанфикрони тоҷик тақсимоти он давронро “табартақсим” меноманд, чун боварманданд, ки он чи байни ин милал тақсим шуд, нораво буд.

Аммо ин “табартақсим” бештарин теъдоди рӯдхонаҳо ва дарёчаҳоро ба Тоҷикистони кӯҳистонӣ дода, ки имрӯза аз сарватҳои умдаи ин кишвар ба шумор меояд.

Дар гузориши мусаввари ин сафҳа ба дидори ин аждаҳои хуфта меравем.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.