Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Сарчашмаҳои бовар
Парвиз Аминов

Дар шаҳраки Бишкенти ноҳияи Шаҳритӯс дар ҷануби Тоҷикистон маҳалле ҳаст бо номи розомези Чиҳилу Чаҳорчашма. Ин минтақа дар имтидоди марз бо кишварҳои Узбакистон ва Афгонистон воқеъ аст ва аз шаҳри Душанбе 80 километр фосила дорад. Шаҳритӯс дар ҳар фасли сол гармтар аз дигар нуқоти Тоҷикистон аст ва дар фасли тобистон дамои ҳаво то ба 45 дараҷаи сонтигрод мерасад. Ҳузур дар канори ин чашмаи мусаффо дар рўзҳои гарм лутфи хоссе дорад. 

Мавқеъияти чашма дар қалби биёбони хушк боъис шуда, ки дар бораи пайдоиши он ривоятҳои афсонагунаи фаровоне бофта ва нақл шавад. Бештари ривоятҳо бо номи ҳазрати Алӣ гиреҳ хурдаанд. Чиҳилу чаҳор шохаи хурду бузурги ин чашма аз синаи як теппа меҷўшад ва мардуми маҳаллӣ ба хосияти дармони он бовар доранд.

Боварҳои мардум ҳамчунин шомили ҳоли ҷонварони ин маҳал мешавад. Масалан, мегўянд, ки моҳӣ ва морҳои Чиҳилу Чаҳорчашма бо ҳам рафиқанд ва ҳаргиз ба ҳамдигар зиён намерасонанд. Аммо муҳимтарин чизе, ки ба меҳмонони тозаворид тавсия мешавад, парҳез аз хурдани моҳии ин маҳал аст. Мегўянд, то кунун ҳар касе моҳии Чиҳилу Чаҳорчашмаро хўрда, мурдааст. Мақомоти маҳаллии беҳдошт пас аз пажӯҳиши муфассал дарёфтанд, ки дар таркиби гўшти ин моҳиҳо оби нуқра мавҷуд аст ва дар сурати пухтан ё сурх кардани моҳӣ, оби нуқра ба заҳри кушанда табдил мешавад. Дар натиҷа моҳиҳои Чиҳилу Чаҳорчашма аз оташи моҳитоба (тоба)-ҳо дар амон мондаанд ва боваре дар миёни мардуми рустоҳои атроф роиҷ аст, ки моҳиҳои ин маҳал аз сарбозони лашкари Алианд.

Рамзу рози Чиҳилу Чаҳорчашма ва бошандагони обҳояш ба ин минтақа ҳолати тақаддус ва табаррук додааст. Мардуми маҳалӣ ва ҳатто маҳалҳои дурдаст, агар ба оризае гирифтор шаванд, дар оби Чиҳилу Чаҳорчашма ғусл мекунанд ва ҷолиб ин ҷост, ки дар бештари маворид бо ихлосе, ки ба хосияти тиббие, ки ин обҳо доранд, дармон меёбанд. Ба вижа ононе, ки мушкили биноӣ доранд, бо имону ихлос бо оби ин чашма чашмҳояшонро мешўянд, то шояд оби муборак мўъҷизае ба амал оварад.

Аз оби Чиҳилу Чаҳорчашма барои тафаул (фолгирӣ) ҳам истифода мешавад. Бовармандон ният мекунанду даст дар об меандозанд ва бедиранг теъдоде санги рези онро берун меоваранд. Агар шумори сангҳо  ҷуфт бошад, орзўи онҳо бароварда мешавад ва агар фард (тоқ), ноком хоҳанд шуд.

Ҳурмати чашма пеши мардуми маҳаллӣ зомини покизагии оби он аст.

Дар гузориши тасвирии ин сафҳа ба маҳалли Чиҳилу Чаҳорчашма дар вилояти Хатлони Тоҷикистон саре мезанем ва аз боварҳои мардум дар бораи вижагиҳои ин чашма мешунавем.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.