Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
ҶадидОнлойн 5-сола шуд
Панҷ сол пеш дар чунин рӯзҳое ҶадидОнлойнро ба унвони нахустин маҷаллаи чандрасонаӣ дар фазои маҷозӣ ва рӯ ба густариши интернетӣ гушудем.
 
Мо бо нашри ҶадидОнлойн мехостем омӯхтаҳо ва таҷрубаҳои худро дар заминаи кори расонаӣ ба насли ҷадиде аз гузоришгарони форсизабон дар Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон бирасонем ва онҳоро бо тавлиди гузоришҳои чандрасонаии фарҳангӣ ошно кунем, то битавонанд ба ёрии Интернет ва бо баҳрагирӣ аз шеваҳои гузоришгарии чандрасонаӣ ривоятҳое сода, аммо бо нигоҳе нав аз равандҳои фарҳангию иҷтимоъии перомуни худ ироа кунанд.
 
Мо ҳамчунин мехостем форсизабононро ба ҳам наздиктар кунем, то меросҳои фарҳангии муштараки худро беҳтар бишиносанд ва бо равандҳои фарҳангию иҷтимоъии ҳам беҳтар ошно шаванд.
 
Мо дар панҷ соли гузашта гузоришгарони бисёреро бо сохтани гузоришҳои чандрасонаӣ ошно кардем. Номи бархе аз онҳоро дар сафҳаи ҶадидОнлойн дидаед. Бархе дигар аз омӯзишдидаҳо дар ҶадидОнлойн он чиро, ки омӯхта буданд, ба расонаҳои минтақаӣ ва ҷаҳонии кӯчаку бузург бурданд ва сарчашмаи навовариҳое дар онҷо шуданд.
 
Чунон ки бойгонии ҶадидОнлойн нишон медиҳад, мо тавонистем бо ёрии ин ҳамкорон ва низ кумаки дӯстони дигар дар панҷ соли гузашта наздик ба ду ҳазор гузоришу ривояти чандрасонаӣ ба форсӣ ва инглисӣ ва низ ба хатти пириллик барои Тоҷикистон нашр кунем.
 
Намунаҳое, ки дар бойгонии мо мебинед, ҳама якдаст нестанд. Гоҳ ба унвони нахустин корҳои рӯзноманигорони ҷавон корҳое таҷрубианд ва начандон пардохта. Аммо дар ҳамон ҷо ҳам шояд бишавад ба нуктае ҷадид ва нигоҳе нав ба муҳити перомунии созандаи он бархурд. Дар ин миён шояд намунаҳое дурахшон ҳам бибинед, ки навиди гунае нав аз рӯзноманигории ҳирфаӣ дар забони форсианд.
 
Бархе аз ин гузоришҳои тасвирии мо, ки чанд сол пеш тавлид шуда, ҳанӯз дар фазои интернетӣ дастбадаст мегарданд, то ҷое, ки ҳар моҳ чандсад ҳазор нафар ба дидори ҶадидОнлойн меоянд. Акнун бисёре аз корбарони мо аз тариқи сафҳаи JadidOnline дар Facebook ва низ рӯи iPhone ва iPad гузоришҳои моро мебинанд ва инҳо ҳама нишонаи истиқболи корбарон аз кори ҶадидОнлойн аст.
 
ҶадидОнлойн ба ҳиммати шумо таъсири дигаре ҳам дошт, ки мо худ нахуст аз он огоҳ набудем. Номаҳо ва паёмҳое, ки мо аз марокизи омӯзишии забони форсӣ, торих ва фарҳанги Эронзамин ва низ донишҷӯёни онҳо дарёфт кардем, нишон дод, ки дар бисёре аз ин марокиз дар саросари дунё барои огоҳ шудан аз равандҳои фарҳангию иҷтимоъӣ ва низ фаро гирифтани забони форсии меъёр аз ҶадидОнлойн баҳра мегиранд.
 
Мо медонем, ки дар таблиғи ҶадидОнлойн кӯтоҳӣ кардаем ва низ медонем, ки беҳтарин таблиғ барои мо тавсияҳои корбаронамон ба дӯстонашон будааст. Инҷо фурсатест, то сипосгузорӣ кунем. Нахуст аз гузоришгароне, ки гоҳ дар шароити душвор пазируфтанд барои ҶадидОнлойн гузориш таҳия кунанд. Сипас аз касоне, ки дар шиносондани мо ба дигарон ёрӣ расонданд. Ҳамчунин аз корбароне, ки барои мо нома навиштанд ва назар доданд ё аз мо интиқод карданд, мамнунем. Гоҳ гуфтанд, ки матолиби каммуҳтаво дорем ё кайфияти аксҳо ҳирфаӣ нест ва садоҳо нобаҳинҷор ва ё навиштаҳо малоловар ва бечифту баст ва ё гузоришҳо қудамоианд ва ноҷадид.
 
Аммо ҳамаи номаҳо ҳам интиқодомез набуд. Бархе кори моро сутуданд, ки гирифтори ибтизоли сиёсатзадагӣ нашудаем. Бархе ҶадидОнлойнро гӯшае амну фарҳангӣ тавсиф карданд, ки мекӯшад аз шиъорҳои бемуҳтаво бипарҳезад. Мо бештари ин назарҳоро дар канори гузоришҳо нашр кардем; магар паёмҳои хусусӣ ва ё назарҳое, ки ҳамроҳ бо ифтиро ва ё вожаҳову таъбирҳои ношоист буд.
 
Мо медонем, ки ҳанӯз ба ҳамаи ҳадафҳои худ нарасидаем, балки гоме кӯчак ба сӯи онҳо бардоштаем. Орзуи мо ин буд, ки бо ривоҷи сохтори ҷадиди чандрасонаии андаке ба эътилои маҳоратҳо ва арзишҳои гузоришгарӣ ба унвони амре ҳирфаӣ дар забони форсӣ кумак карда бошем. Орзуе бас дароз буд, барои бизоъати кӯтоҳамон. Оё дар ин роҳ тавфиқе доштаем? Шумо довари беҳтаре ҳастед.
 
Дар ҳар ҳол, барои беҳтар шудан ва идомаи кори ҶадидОнлойн мо ба кумаки шумо ниёз дорем. Шумо аз чанд роҳ метавонед ба мо кумак кунед:
 
1. Фиристодани назарҳои дақиқи интиқодӣ ва ироаи роҳкор;
2. Пешниҳоди мавзӯъ барои таҳияи гузориш дар бораи онҳо;
3. Ҳиммат кардан ва талош барои сохтани гузориши чандрасонаӣ; Шумо пешгом шавед, мо дар сохтани он шуморо ёрӣ мекунем;
4. Фиристодани навишта, акс ва ё садо аз падидаҳо ва чизҳои ҷолиби перомуни худ;
5. Муъаррифии осори ҳунарӣ, маҷмӯъаҳои акс ё асноди торихӣ дар миёни хонаводаҳо ва ё шахсиятҳои фарҳангӣ ва аҳли ҳар фанну ҳирфа, ки шумо фикр мекунед корбарони мо бояд бо онҳо ва корашон ошно шаванд;
6. Муъаррифии ҷойҳои торихию табиъии камтар шинохташуда, ки фикр мекунед дигарон бояд онҳоро бишиносанд.
 
Ва ду хоҳиши дигар:
 
7. Лутфан назарҳо ва пешниҳодҳоятонро ба ин нишонӣ бифиристед: [email protected]
8. Агар мехоҳед шуморо аз нашри гузоришҳои ҷадид огоҳ созем, нишонии и-мейли худро барои мо бифиристед.
 
Дар гузоришҳои тасвирии ин сафҳа омезае мебинед аз бархе аз пурбинандатаринҳои ҶадидОнлойн дар панҷ соли гузашта. Якояки ин бист гузоришро дар гӯшаи “Матолиби муртабит” (مطالب مرتبط) ҳам коштаем, ки бархе аз онҳо ба хатти пирилликанд. Шумо кадом яке аз гузоришҳои ин панҷсоларо бештар меписандед? ҶадидОнлойн омезае дигар аз гузоришҳои маҳбуби корбаронро бар пояи пешниҳодҳои шумо таҳия хоҳад кард.
 
Аз шумо сипосгузорем.
ҶадидОнлойн
 
 
 
Бархе дигар аз матолиби пурбинандаи мо аз Тоҷикистон:
Бобо Абдуллоҳ ва Юсуфи гумгаштааш, сохтаи Ҷаҳонгири Султон (2007)
 
Рӯзи коргар, дирӯз ва имрӯз, навиштаи Шамсияи Қосим (2008)
 
Хидмати иҷборӣ, сохтаи Пайрави Боймуҳаммад (2008)
 
Духтарамро чи биномам?, навиштаи Абдулфаттоҳ Шафиев (2008)
 
Бозгашти рӯбанда, сохтаи Гуразми Тоҷикфар (2008)
 
Овози занон, парвози мусиқӣ, сохтаи Парвизи Раҳимзод (2008)
 
Дар ду сӯи хатти ниёгон, сохтаи Исфандиёри Одина (2008)
 
Мусиқие, ки ҳамсоли ман аст, навиштаи Суҳроби Зиё (2008)
 
Зани ҷасури шеъри тоҷик, сохтаи Заринаи Хушвақт (2009)
 
Шавқи дигар будан, сохтаи Маҳини Даврондухт (2009)
 
Манижа, ситораи пинҳон, сохтаи Зеваршоҳи Муҳаммад (2010)
 
Зи нерӯ бувад мардро ростӣ, сохтаи Котрин Брук ва Томӣ Трибвосер (2011)
 
Чигунагии ёфтани Рӯдакӣ, сохтаи Қамари Аҳрор (2011)
 
Ҳазор сол пас аз Рӯдакӣ, сохтаи Қамари Аҳрор (2011)
 

Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.