Шаҳнавози панҷсола ҷилави пои модар медавад ва бо ҳаёҳӯ ба дӯстонаш хабар медиҳад, ки доранд ба “хонаи чодарӣ”-шон канори дарахтҳои зардолу мераванд ва чандин рӯз ҳамон ҷо хоҳанд монд. Модари Шаҳнавоз лавозими маъишат дар даст дорад ва меравад, ки ин бор ҳам, мисли 20 соли гузаштаи умраш, бахше аз мавсими тобистонро дар чодари боғҳои зардолуи Исфара бимонад, зардолуҳоро бичинаду хушк кунад ва рӯзии як соли ояндаро фароҳам кунад. Исфара бо боғҳо ва киштзорҳои меваву сабзиҷоташ маъруф аст.
Занони бисёре монанди модари Шаҳнавоз дар мавсими тобистон зиндагӣ дар боғҳои зардолуро ихтиёр мекунанд. Дар ҳоле ки мардони хонавода аксаран дар ҷустуҷӯи кор ба Русия ва кишварҳои дигар рафтаанд, бахши азиме аз бори рӯзгор ба шонаҳои занон уфтода ва боғҳои иштирокии зардолу дар Исфара аз манобеъи аслии гузарони зиндагии ин занон ва хонаводаҳояшон аст.
Кӯдакону навҷавонон бо шавқу шӯр бар фарози дарахтҳои пурбори зардолу мераванд ва шохаҳои онро башиддат такон медиҳанд ва меваи зардолу ба таври анбӯҳ ба хонҳои бузурге, ки занон дар пояи дарахтон дар даст доранд, боридан мегирад.
Сипас порае аз зардолуҳои рехтаро зери чодаре плостикӣ дар маърази дуди сулфур қарор медиҳанд, то хушрангу пурҷило шавад ва аз офати ҳашарот дар амон бимонад. Сулфуридани меваҳо дар Исфара ҳанӯз аз равишҳои маъмули кишоварзист. Чун зардолуҳои сулфурида зеботар аст ва харидорони бештар дорад. Аммо бархе аз коршиносони пизишкӣ мегӯянд, ки сарфи меваҳои сулфурида метавонад ба ибтило ба бемориҳои кибид (ҷигар) ва кулия (гурда) бианҷомад. Чун ба гуфтаи онҳо, дуди сулфур, ҳарчанд зардолуҳоро ҷаззобтар мекунад, дар воқеъ онро ба самм (заҳр)-е меолояд, ки боъиси парҳези ҳашарот аз хурдани он мешавад.
Аммо ҳамаи зардолуҳои Исфара дуди сулфур намехуранд. Бештари зардолуҳо зери офтоб рӯи замин пахш мешаванд, то ба таври табиъӣ бихушканд. Ҳастаҳои ин зардолуҳоро берун меоваранд ва аз онҳо мураббо ё кумпут (компот - рус.) таҳия мекунанд ва дар шишаҳо мебанданду ба бозор мефиристанд. Ҳастаҳоро дар гӯшае дигар аз боғ мекоранд ё донаҳои онҳоро дармеоваранд ва онро ҳам ба муштариён арза мекунанд. Зардолуҳои ин боғҳо, ба шаҳрҳои бузургтар, ки мерасанд, табдил ба анвоъи мухталифи шириниҳо мешаванд, ки маъруфтарини онҳо шукулоти “Зардолуи тоҷикӣ” аст.
Абдуссабури Абдулваҳҳоб, коршиноси масоили кишоварзӣ дар устони Суғд, мегӯяд, ки бахши аъзами зардолузорҳои ҷаҳон дар водии Фарғона (бахшшуда миёни Тоҷикистону Узбакистону Қирғизистон) воқеъ аст, ки дар ин миён боғҳои ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров ва Ашт аз аҳаммияти бештаре бархурдоранд. Зардолуҳои ҳамин навоҳӣ ҳастанд, ки ба бозорҳои Русияву Қазоқистон ва Урупо роҳ меёбанд.
Ба гуфтаи оқои Абдулваҳҳоб, бархе аз анвоъи зардолуро худи кишоварзони Исфара аз роҳи пайванд парвариш додаанд, ба монанди зардолуҳои хуштаъми “нишонӣ” ва “бинигорин”, ки дар ҷои дигар парварда намешаванд. Зардолуи қандак, бо ин ки дар навоҳии дигар ҳам ҳаст, дар Исфара қандактару ширинтар аст. Боғҳои зардолуи Исфара ба ҳадде ҳосилхез аст, ки кишоварзон ҳамасола аз ҳар дарахти он сесад то понсад килуграм зардолу бардошт мекунанд. Яъне чанд бех дарахти зардолу метавонад махориҷи солонаи зиндагии як хонаводаро дарбиёварад.
Гузориши мусаввари ин сафҳа шуморо ба зардолузорҳои Исфара мебарад.