Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Дар ду сӯйи хатти ниёгон
Исфандиёри Одина

Ин матлаб бори нахуст рӯзи 10.04.2008 мунташир шуда буд

Дар қарни бистум ва дар паи дигаргуниҳои сиёсӣ дар Осиёи Миёна ду бор хатти тоҷикон иваз шуд. Нахуст дар соли 1929 дар ҷумҳурии навбунёди Тоҷикистон, яке аз ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ хат аз форсӣ ба лотин бадал шуд. Даҳ сол баъд, яъне дар соли 1939 хатти сириллик ҷойнишини хатти лотин шуд ва то ба ҳол забони форсии тоҷикӣ ба хатти сириллик навишта мешавад.

Талош барои навиштан ба хатти форсӣ (ё хатти ниёгон, ба гуфтаи тоҷикон) пеш аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва истиқлоли Тоҷикистон аз сар гирифта шуд ва ба бахше аз муборизоти озодихоҳона бадал шуд. Дар соли 1989 Қонун дар бораи забон тасвиб шуд ва забони тоҷикӣ (форсӣ) забони расмӣ ном гирифт.

Қарор бар ин буд, ки тибқи ин қонун дар соли 1992 хатти расмии кишвар аз хатти сириллики русӣ ба хатти суннатии форсӣ бигзарад. Пас аз ҷанги дохилӣ мавзеъи онҳое, ки хостори тағйири хатт буданд, заъифтар шуда буд ва дар соли 1996 номи забони форсӣ аз Қонуни асосӣ бардошта шуд.

Дар натиҷа форсӣ шудани хат аз авлавият уфтод ва мақомот ва бархе аз мухолифони форсӣ шудани хат барои ҳифзи хатти сириллик истодагарӣ карданд.

Дар миёни донишгоҳиён ва сиёсатмадорон дар Тоҷикистон баҳсҳои шадиде дар заминаи хатту забон дар гирифта ва ҳамчунон идома дорад. Устодоне ҳамчун окодемисян Муҳаммадҷон Шакурӣ ва дуктур Тоҳири Абдулҷаббор мегӯянд, сириллик кардани хат дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҳадафи сиёсӣ дошта ва ба манзури ҷудо кардани порсигӯёни Осиёи Миёна аз аҳолии Эрону Афғонистон будааст.

Ин гурӯҳ муътақиданд, ки хатти сириллик иртиботи тоҷиконро бо фарҳанги гузашта гусехта ва мунҷар ба як буҳрони ҳувиятӣ ва фарҳангии амиқ шудааст. Аз ин гузашта, тоҷикон бисёре аз осори фарҳангии гузаштаи худро ҳатто ба хатти сирилик надоранд. Масалан, “Маснавии маънавӣ” то пас аз истиқлол ба сириллик чоп нашуда буд.

Аз сӯи дигар, ба эътиқоди онҳо забони форсии роиҷ дар Тоҷикистон аз забони клоссики порсӣ фосила гирифта ва таҳти таъсири дастури забонҳои русӣ ва узбакӣ шевоии худро аз даст додааст.

Аммо мухолифони бозгашт ба хатти суннатии форсӣ ин хатро вижаи забони арабӣ медонанд ва ҳамчунин аз фуқдони нигориши овоҳои мусаввит (садонок)-и кӯтоҳ ба унвони мушкилоти омӯзишии хатти форсӣ ёд мекунанд.

Онҳо дар ҳимоят аз хатти сириллик мегӯянд, ки омӯхтани ин хат бамаротиб осонтар ва бо шеваи гӯиши онҳо, ки “забони адабии ҳозираи тоҷик” номида мешавад, созгортар аст.

Сабаби сода будани ин хат аз назари онҳо ин аст, ки дар он ҳар овозе бо ҳарфе ҷудогона нигошта мешавад ва монанди забонҳои инглисию русию арабӣ ва ҳамчунин хатти форсӣ як ҳарф баёнгари чандин ово набуда ва як ово ҳам бо чанд ҳарфи мухталиф нигошта намешавад.

Ин гурӯҳ ҳамчунин муътақданд, ки тоҷикон бо хатти сириллик ва аз тариқи забони русӣ ба пешрафт ва фанноварии мудерни ҷаҳонӣ даст меёбанд ва бозгашт ба хатти форсӣ гӯиё Тоҷикистонро “ба чандин даҳсола ақиб хоҳад бурд.”

Албатта, оғози гуфтугӯҳои табдили хат дар миёни равшанфикрони порсизабон аз замони инқилоби Русия ва давлати шӯравӣ фаротар меравад ва решааш ба баҳсҳои равшанфикрони эронии қарни нуздаҳум бар мегардад, ки хостори табидили хатти форсӣ ба лотин буданд.

Гарчи талоши равшанфикрони эронӣ ба ҷое нарасид, аммо давлати шӯравӣ ба баҳонаи “яксара босавод кардани мардум” ин тарҳро пиёда кард.

Дар ҳоли ҳозир ҷидол сари хатти ниёгон ва сириллик дар Тоҷикистон ҳамчунон идома дорад.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.