Ин матлаб бори нахуст рӯзи 13.11.2007 мунташир шуда буд
Ширбиринҷ, ғизоест суннатӣ дар бисёре аз кишварҳои минтақа, ки аз ширу биринҷ дуруст мешавад ва ба шаклҳои гуногун сари суфра чида мешавад. Ороиши он мутафовит аст ва дар бархе аз кишварҳо онро бо шакар, шираи ангур ва заъфарону дорчин меомезанд ва рангомезӣ мекунанд.
Дар Тоҷикистон рӯи ширбиринҷ равғани маска мегузоранд. Ин ғизои зудҳазмро ба солмандон, бачаҳо ва беморон медиҳанд. Ширбиринҷ дорои сафеда (прутеин)-ҳои зиёд аст, ки гуфта мешавад моҳича (мӯшак)-ҳои баданро қавӣ мекунад ва барои мағзи сар ва аъзои гуворишӣ (дастгоҳи ҳозима)-и бадан судманд аст.
Дар матониқи Рашту Хатлони Тоҷикистон ба ин ғизо эҳтироми хоссе мегузоранд, зеро онро муқаддас ва ғизои пайғамбар медонанд.
Дар аксари манотиқи Тоҷикистон вақте арӯсро ба хонаи домод меоваранд, теъдоде аз наздикони арӯс, мисли хоҳару хола, аммаву зандоӣ (зани тағо), модарбузург ва зани бародар ӯро ҳамроҳӣ мекунанд. Барои ин наздикон ва бастагони арӯс дар хонаи домод ҳафт навъ ғизо мепазанд ва аввалин ғизо, ки барои арӯсу хешовандонаш меоваранд, ширбиринҷ аст.
Ёдам ҳаст, вақте ки 7-8 сол доштам, ҳамроҳи модарам ба арӯсии яке аз хешовандонамон рафтам. Вақте ки бушқоб (тақсимча)-и ширбиринҷро оварданд, ҳама бузургсолон аз ҷой баланд шуданд. Ман ҳам бидуни иттилоъе ҳамроҳ бо дигарон аз ҷо баланд шудам. Фикр кардам шояд барои эҳтироми модари домод, ки бушқоби ширбиринҷро оварда буд, аз ҷо бархостанд. Аммо таъаҷҷуб кардам, ки чаро ин бор баланд шуданд. Чун қаблан чанд дафъа барои “хуш омадед” гуфтан ва пазироӣ вориди утоқ шуда буд.
Вақте ки модари домод дубора вориди утоқ шуд ман аз ҷоям баланд шудам, аммо дидам, ҳич кас ба ҷуз ман аз ҷояш баланд нашуда буд ва модарам ҳам бо таъаҷҷуб ба ман нигоҳ мекунад.
Ман ба ҷоям нишастам ва аз модарам пурсидам, ки чаро дафъаи қаблӣ барои эҳтироми модари домод аз ҷо баланд шуданд ва ин бор касе аз ҷо такон нахурд. Модарам табассуме карду гуфт, ки аҳли маҷлис на ба хотири вуруди модари домод, балки ба хотири эҳтиром ба ширбиринҷ аз ҷо баланд шуда буданд.
Аз он рӯз ба баъд борҳо дар ҷануби кишвар шоҳиди он шудам, ки дар арӯсиҳо ва ҷашнҳо ҳар вақт ширбиринҷ меоваранд, ҳама аз ҷо баланд мешаванд.
Имрӯзҳо дар маросими мазҳабӣ аз қабили Бибӣ-Сешанбегӣ ва Мушкилгушо ҳамеша ширбиринҷ дуруст мекунанд. Ин маросими хосси занон аст, ки занон даври суфра мешинанд ва Муллобоҷӣ (ки зан аст ва ӯро ё “Бибӣ” ё “Бибиотун” мегӯянд) дуъо мехонад.
Бибӣ-Сешанбегиро дар рӯзҳои сешанбе ва Мушкилгушоро маъмулан дар рӯзҳои чаҳоршанбе баргузор мекунанд. Ҳар зане, ки дар ин маросим ширкат мекунад, барои талаби ҳоҷат ва гушоиши кору мушкилоташ меояд.
Дар бархе аз манотиқи Тоҷикистон дар Наврӯз дар суфра ба ҷои ҳафтсин, ҳафтшин доранд ва талош мекунанд бо чидани шаҳду ширу шаробу шакару шамъу шамшоду шафтолу рӯи суфраҳои наврӯзӣ суннати ҳафт шинро зинда кунанд. Бархе дар суфраи ҳафт шин, ширбиринҷ ҳам мегузоранд ва ҳар нафаре, ки сари суфра нишаст, ҳатман бояд ширбиринҷро бичашад.
Гузориши мусаввари ин сафҳа дар коргоҳи омӯзиши гузоришгарии чандрасонаӣ, ки дар Тоҷикистон баргузор шуд, таҳия шудааст.