Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Мудоро дар рамазон
Маҳини Даврондухт

“Бибахшед, шумо рўзадоред ё рўзахор?” Ин пурсишест, ки дар моҳи рамазон дар Тоҷикистон ҳамвора ба гўш мерасад. Дар базму меҳмониҳо, дар кўчаву хиёбонҳо, ба ҳангоми дидани дўстону наздикон ва дар мавориди дигар. Дар ин моҳ ба хонаи ҳар тоҷике биравед, ҳатман аз шумо ин пурсишро мекунанд ва агар рўзахўр бошед, соҳиби хона – ҳатто агар худ рўзадор бошад – ҳатман бароятон суфрае мегустарад ва тадоруки чою ғизои шуморо мебинад.

Дар Тоҷикистон аз дербоз таҳамулу мудоро дар моҳи рамазон роиҷ буда ва биме надошта бошед, ки соҳибхона забон ба сарзаниши шумо бигшояд. Афроди рўзахор ба навбаи худ барои наёзурдани рўзадорон аз тановул дар ҳузури онҳо худдорӣ мекунанд.
 
Дар Тоҷикистон  шумори рўзахорон дар баробари теъдоди физояндаи рўзадорон андак нест. Ва шояд яке аз тафовутҳои моҳи рамазони Тоҷикистон аз рамазони кишварҳои ҳамзабон ҳамин бошад. Соъоти кории тарабхонаҳо ва кобореҳо, машрубфурўшиҳову бошгоҳҳои шабонаи Тоҷикистон бетағйир мемонанд, ҳарчанд даромади онҳо тайи ин моҳи парҳезкорӣ андаке коҳиш меёбад. Ба вижа обҷавфурўшиҳо хуб огоҳанд, ки дар соъоти гарми рўз муштариёне ҳатман дарашонро хоҳанд кўбид. Афзун бар тоҷикони рўзахор, Тоҷикистон мардуми ғайримусулмони бисёре ҳам дорад, ки дар моҳи рамазон рўза намегиранд.

Шомгоҳон шумори зиёде аз ҷавонон барои дилхўшӣ ва фароғат ба бошгоҳҳои шабона ва боғҳои бузурги шаҳр сар мезананд ва моҳи рамазон ҳам монеъ аз бўсу канори ошиқон дар ин маҳалҳо намешавад. Иддае аз рўзадорон ҳам тарҷеҳ медиҳанд ифтори худро бо аҳли хонавода ё дўстон дар рестуронҳо ва тафарруҷгоҳҳо баргузор кунанд. Аз ин рў таъйини шумори рўзадорон ва рўзахорон дар Тоҷикистон кори содае нест.
 
Бо вуҷуди ин, бархе аз нозирон мегўянд, ки бо афзоиши иқболи мардум ба маносики динӣ, шумори рўзадорон ба вижа дар миёни ҷавонон бештар шудааст, зеро рўҳониён тавонистаанд бо мавъизаҳои худ ба дили насли ҷавони пасошўравӣ роҳ ёбанд. Маҳбубияти ин мавъиазаҳо дар ҳаддест, ки садои онҳоро метавон ҳатто дар васоили нақлияи шаҳри Душанбе аз гўшии телефуни мусофирони ҷавон шунид. Бархе ҳам бо нигаронӣ пешбинӣ мекунанд, ки агар раванди гароиши ҷавонон ба ин мавъизаҳо ба ҳамин шакл идома ёбад, мумкин аст низоми сиёсии Тоҷикистон ҳам то ду-се даҳаи дигар аз беху бун мутаҳаввил шавад.
 
Аммо рўҳониён аз чизи дигаре нигаронанд ва мегўянд, ки ҳисси ғарбгароиву миллигароӣ тадриҷан ба азҳони ҷавонон рахна мекунад ва ин падида боъиси тазъифи эътиқоди онҳо ба ислом шуда ва арзишҳои исломиро, ки рўзадорӣ аз ҷумлаи онҳост, дар маърази хатар гузоштааст.
 
Ҷолиб ин ҷост, ки дар аҳди шўравӣ мардумро ба тарки рўза во медоштанд. Қабл аз вуруд ба сохтмони мадраса донишомўзон маҷбур буданд як истакон шир ё об бинўшанд, то агар рўзадор бошанд, рўзаашон бишканад. Муътақидон ба рўзадорӣ тарҷеҳ медоданд баъд аз ин маросим сари клос ҳозир шаванд ва пӯшида намоз мегузоштанд.
 
Бо касби истиқлол ин маҳдудиятҳо аз миён рафт ва анҷоми фароизи мазҳабӣ муҷоз шуд. Акнун моҳи рамазон дар миёни авом арҷи бештаре дорад ва наҳваи пешвоз ва гусели ин моҳ ҳам бакуллӣ тағйир кардааст. Дар охирин рўзи рамазон хонаводаҳои тоҷик суфраи пурнозу неъмати бузургро паҳн мекунанд ва барои се рўз дари худро ба рўи дўстону пайвандон ва ҳатто бегонагон боз мегузоранд, то савоби рамазон шомили ҳоли онҳо ҳам шавад.
 
Кўдакон нахустин меҳмонони ин базмҳои рамазонианд, ки субҳи зуд дари ҳамсоягону наздиконро мекўбанд ва иди Фитрро шодбош мегўянд. Сипас мардҳои маҳалла ба хонаи ҳамсоягон сар мезананд ва барои равони гузаштагони он хонаҳо дуъо мехонанд. Дар ниҳоят, навбат ба занони маҳалла мерасад, ки ба диду боздид аз хонаҳои ҳамдигар мепардозанд.
 
Дар гузориши мусаввари ин сафҳа ба чанд зиёфати ифтор дар шаҳру рустоҳои Тоҷикистон сар мезанем.

Ин матлаб бори нахуст рӯзи 17.09.2009 мунташир шуда буд.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.