Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Бухорои шариф
Наҷми Ковиёнӣ

Маҷмӯъаи акс
Бухоро номи шаҳрест бостонӣ, ки пойтахти бисёре аз ҳукуматҳо ва маркази донишу фарҳанг ва бавижа забони форсӣ буд. Дар қарнҳои ахир Бухоро пойтахти Аморати Бухоро ҳам буд, ки бар бахши бузурге аз Осиёи Миёнаи кунунӣ сайтара дошт. Бо сарнагунии ин аморат пас аз омадани булшевикҳо дар солҳои 1920 шаҳри Бухоро аҳаммияти худро аз даст дод ва акнун бахше аз Узбакистон аст. Дар солҳои даҳаи дувуми қарни пеш барои нахустин бор нашрияе ба забони форсӣ даромад, ки “Бухорои шариф” ном гирифт. Наҷми Ковиёнӣ ба муносибати садумин соли нашри “Бухорои шариф” бар асоси маҷмўъае аз ин рўзнома, ки дар бойгонии Пажўҳишкадаи байнулмилалии торихи иҷтимоъии Омстердом нигаҳдорӣ мешавад, ин матлабро навиштааст:

Бухорои шариф
 
Нахустин рўзномаи форсӣ дар Осиёи Миёна, рўзномаи “Бухорои шариф”, 100 сол пеш дар 11 морс (март)-и 1912 мелодӣ дар Бухоро ба мудирияти Ҷалоли Юсуфзода (1860-1931) оғоз ба нашр кард ва пас аз нашри 153 шумора дар 2 жонвие (январ)-и 1913 бо тақозои намояндагии сиёсии Русияи тезорӣ  дар Бухоро ва тавофуқи Амир Ъолимхон (1880-1944), амири Бухоро, таътил шуд.
 
Садриддин Айнӣ (1878-1954), ки баъд аз таъсиси рўзномаи “Бухорои шариф” навишта буд, ки дар рўзи 11 морс тоҷикон соҳиби забони худ шудаанд, баъд аз таътили рўзнома гирйист ва шеъри баланде ба ҳамин муносибат суруд.
 
Солрўзи таъсиси рўзномаи “Бухорои шариф” дар 3 нувомбр (ноябр)-и 1995 тавассути порлумони Тоҷикистон ба ъунвони рўзи матбуъоти Тоҷикистон ба тасвиб расид, то ҳамасола аз он таҷлил ба ъамал ояд.
 
 Пешзаминаи поягузорӣ
 
Ҷунбиши таҷаддудхоҳӣ ва ислоҳот дар қаламрави Аморати Бухоро дар ду даҳаи аввали қарни бистум мутаассир аз ҷунбишҳои фикрию сиёсии Русия, Эрон, Қафқоз, Афғонистон, шибҳи қораи Ҳинд ва импротурии Усмонӣ буд. Нашрияҳои “Ахтар”, “Қонун”, “Ҳабл-ал-матин”, “Сироҷ-ул-ахбор” “Чеҳранамо”, “Вақт”, “Шўро”, “Тарҷумон”, “Мулло Насриддин”, “Сироти мустақим”ба рағми ҳамаи мавонеъ ба дасти гурўҳҳои ислоҳталаби Бухоро мерасид ва дар амри бедорӣ ва ташаккули “ҷавонбухороиён” (ҷадидиҳо) нақши боаҳаммият дошт. Дар чунин авзоъ навандешони бухороӣ тасмим гирифтанд ба манзури огоҳ сохтани мардуми Бухоро аз ҷаҳон, минтақа, кишвар ва таҳаққуқи ислоҳот дар Аморати Бухоро ба нашру таблиғи муназзами дидгоҳу андешаҳои худ ар миёни мардум бипардозанд. Аз ин рў онҳо ба таъсиси рўзнома даст ёзиданд. “Бухорои шариф” нахустин таҷрубаи рўзноманигорӣ ба забони форсӣ аз тарафи бухороиён буд.
 
 Вижагиҳо
 
Рўзнома бештар ба масоили фарҳангию иҷтимоъӣ пардохтааст ва ҳамаи шумораҳои он дорои сармақола буд.  Хабар ба ъунвони ъунсури зарурӣ  ҷойгоҳи муҳимме дар рўзнома дошт. Номаҳои хонандагон, ки бештар рўҳи интиқодӣ дошт низ дар сафҳаҳои рўзнома бозтоб ёфта. Рўзнома дар қатъи 26 дар 43 сонтиметр дар чаҳор сафҳа ва дар ҳар ҳафта шаш шумора мунташир шуда ва дорои шабакае аз хабарнигорон дар Ъишқобод, Самарқанд, Истонбул ва ғайра будааст. Рўзнома барои баёни эътироз ъалайҳи нобасомониҳои иҷтимоъӣ  аз ба роҳ андохтани мунозира, пурсишу посух истифодаи чашмгир кардааст. Ашъори форсӣ дар сафҳаҳои рўзнома банудрат бозтоб ёфта ва ба баҳрагирӣ аз танзу корикотур таваҷҷуҳ нашудааст. Навиштаҳое дар бораи нақшу ҷойгоҳи зан дар сафҳаҳои рўзнома ба чашм намехурад.
 
Забони рўзнома омезае аз форсии мутаъориф дар Эрону Афғонистон бо лаҳҷаи бухороӣ буд. Лаҳҷаи бухороӣ яке аз лаҳҷаҳои ширини забони форсист, ки бо лаҳҷаи Кобулу Балх қаробати бештар дорад. Насри рўзнома равон, сода ва меъёрист. Ба таври кул, рўзнома дастури забон ва нишонагузориро муроъот кардааст. Саҳми рўзнома дар таҳаввули насри форсӣ дар қаламрави Бухоро боаҳаммият аст.
 
 Меҳварҳои асосӣ
 
Тарвиҷи маъориф, гушоишу ислоҳи мактабҳову мадрасаҳо, таъмими ъулум, масъалаи суннат ва таҷаддуд, беҳбуди умури кишоварзӣ, обёрӣ, боғдорӣ, домпарварӣ ва беҳдоштӣ, тараққии иқтисодӣ, таваҷҷуҳ ба ҳуқуқу вазифаҳои ҳукумат ва раъоё, ислоҳи идораи Аморати Бухоро, тарғиб ба қонунгароӣ, мубориза ъалайҳи ҷаҳл, хурофаписандӣ ва ъодоти нописанд, посдорӣ аз забону адаби форсӣ, робитаи дину мазҳаб ва масъалаи ваҳдати ҷаҳони ислом буд.
 
Масъалаи марказии рўзнома масъалаи омўзишу парвариш буд. Равшанфикрони Бухоро дар поёни соли 1910 ҷамъияти махфӣ ба номи “Тарбияи атфол” таъсис карданд, ки ҳадафи асосии он тарвиҷи маъорифи ҷадид буд. Онҳо мехостанд, ки дар мактабу мадраса усули ҷадидаро пиёда кунанд, яъне ъилова бар ъулуми динӣ ториху ҷуғрофиё, ҳисобу ъулуми табиъӣ низ тадрис шавад. Фаъъолияти равшанфикрони Бухоро барои пиёда кардани усули ҷадида дар мактабҳо мавҷиб шуд, ки ин ҳаракатро “ҷадида” ва ҳавохоҳони онро “ҷадидиҳо” биноманд. Ҷадидиҳо мутаъаллиқ ба насли дувуми маъорифпарварони Бухоро ҳастанд.
 
Замин, об ва кишоварзӣ дар зиндагии бухороиён нақши калидӣ дошт. “Бухорои шариф” рибохориро дар русто шадидан интиқод карда ва онро монеъ дар амри пешрафти кишоварзӣ ва домдорӣ дониста ва ба манзури кумак ба деҳқонону тиҳидастон таъсиси бонки деҳқониро бо баҳраи поин пешниҳод кардааст.
 
Рўзнома дар паи ислоҳи низом аст, на барандозии ҳокимияти худкомаи амири Бухоро. Аз ин рў, рўзнома талош мекунад, ки иҷрои ислоҳотро дар дастгоҳи аморат тарғиб кунад ва ҷомеъаро ба сўи қонунгароӣ савқ бидиҳад. Рўзнома нохурсандии ҷадидиҳоро аз ин ки умури бозаргонии Бухоро ъамдан дар дасти русҳо, яҳудиҳо ва арманиҳост, бозтоб медиҳад ва бухороиҳоро дар амри фарогирии умури бозаргонӣ ва забони хориҷӣ ташвиқу тарғиб карда ва дар ин ъарса парвариши як насли ҷадиди соҳибкори бухороиро вазифаи хеш донистааст.
 
 "Бухорои шариф” истилоҳи “давлат-миллат”-ро ба ҳеч ваҷҳ ба мафҳуми урупоии он ба кор намебарад. Бошандагони Бухоро сарфи назар аз қавму миллияташон худро “бухороӣ” ва “миллати Бухоро” мехонданд ва калимаи “миллат”-ро бештар барои ғайримусалмонон мавриди истифода қарор медоданд.
 
 Посдорӣ аз забони форсӣ
 
Посдорӣ аз забони форсӣ ва ислоҳи он дар сафҳаҳои рўзнома ҷойгоҳе боаҳаммият дошт. Рўзнома дар он бурҳа ба масъалаи гўишу лаҳҷа, забони гуфтору навиштор, забони меъёрӣ, сара навиштан ва пешинаи забон пардохтааст. Дар шумораи севуми рўзнома мехонем:
 
 "Ҳанўз шумораи аввали “Бухорои шариф”-ро нашр надода будем, ки баъзе оқоён дар матбаъа ҳозир шудаанд ва ба мақолаҳо нигоҳ кардаанду фармудаанд: “Инҷо забони ъумумӣ тоҷикӣ аст; рўзнома ҳам ба забони тоҷикӣ бошад, беҳтар аст”.
 
Рўзнома дар ин робита ба баҳси густарда пардохта ва номгузории дарӣ, форсӣ ва тоҷикиро бар як забони воҳид ношӣ аз “аз гусехта шудани риштаи қавмият” донистааст ва таъкид карда, ки рўзнома дар паи таҳкими забони меъёрест, ки барои ҳама қобили фаҳм бошад. Аз назари забоншиносӣ, миёни забони форсӣ дар Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон дар сатҳи дастуру сохтори забон кадом тафовут дида намешавад. Танҳо дар сатҳи лаҳҷа ва баъзе аз истилоҳот тафовутҳое вуҷуд дорад, ки натиҷаи сарнавишти сиёсӣ-торихии мутафовит аст. Забони форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ се номи як забон аст.
 
Рўзнома дар робита ба масъалаи забон номаҳои зиёде дарёфт карда. Дар яке аз номаҳо омадааст: “...Ин шева, ки дар мақолоти ахбори “Бухорои шариф” навишта мешавад, шева ва лаҳҷаи Эрони ҳолия аст, ки аз сар то по мағруқи алфозу ъарабиҳои ъасирулфаҳм ва аз се қисмати он яке форсӣ аст”.
 
Рўзнома ҷонибдори саранависӣ нест ва тарди ҳамаи вожаҳои ъарабиро номумкин медонад ва таъкид мекунад, ки “холис навиштан дар ин айём, агар мумкин бошад, хеле душвор аст... Адибе мисли Фирдавсӣ тамоми сӣ сол заҳмат кашида “Шоҳнома”-ро навишт, бо иддаъои ин ки забони форсии холис аст. Боз мебинӣ, ки инҷову онҷо як ва ё ду ъарабӣ ҷузва шудааст. Пас дар ин қарни ахир... чи тавр холис метавон навишт?”
 
 "Бухорои шариф” ба омўзиши дастури забони форсӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ дошт ва сутунеро бо ъунвони “Қавоъиди форсия” боз карда ва дар он ба омўзиши дастури забони форсӣ ба наҳви фишурда ва бо истифода аз манобеъи муътабар, ҳамроҳ бо таъриф ва ироаи мисолҳо, пардохтааст.
 
Рўзнома ба пешинаи забони форсӣ пардохта ва дар ҳамин робита мақолае бо ъунвони “Забони эроӣ ё ориян”-ро ҳамроҳ бо шаҷараи забони эроӣ нашр кардааст, ки бар пажўҳишҳои дуктур Эпикл, ховаршиноси олмонӣ, устувор аст, ки қобили баҳс аст.
 
Сухани фарҷом
 
Бухоронависон бо забони қаламу силоҳи дониш дар паи он буданд, ки миллату кишвари худро аз банди нодонӣ, таҳаҷҷур (сангворагӣ), хурофа ва пасмондагӣ бираҳонанд ва даричаи тозае ба рўи ҷавонони Бухоро ба ҷаҳони нав бигушоянд ва онҳоро бо тамаддуни ҷаҳон ошно бисозанд ва бидуни нусхабардорӣ аз инҷову онҷо барои дардҳои ҷомеъа роҳи ъилоҷ биёбанд.
 
Ҳамин 153 шумораи “Бухорои шариф” асноди арзишманди иҷтимоъӣ, сиёсӣ ва фарҳангии он рўзгор аст, ки дарунмояи андешаҳои матруҳа дар он ъумдатан бар меҳвари ислоҳот ва қонунгароӣ устувор буд ва дар амри бедории миллӣ, сиёсию фарҳангӣ ва тақвияти рўҳияи худшиносию истиқлолхоҳӣ ва эҳёи ҳувияти миллию исломии мардуми Бухоро, бавижа ҷавонон, хадамоти арзандае анҷом додааст.
 
Равшанфикрону таҷаддудхоҳони Бухоро дар тамоми давраи ҳокимияти амири Бухоро дигар имкон наёфтанд, ки рўзномаи “Бухорои шариф”-ро эҳё кунанд. Баъд аз таъсиси ҳокимияти шўравӣ дар Бухоро тайи ҳафт даҳа даҳҳо рўзномаву маҷалла дар Бухоро ба забони форсӣ мунташир шуд, аммо ҳама талошҳои фарҳангиёни Бухоро барои эҳёи рўзнома, бино бар далелҳои сиёсӣ, ба шикаст анҷомид.
 
Аз тавқифи рўзномаи “Бухорои шариф” як сада мегузарад, аммо шигифто, бисёре аз андешаҳо, дидгоҳҳо ва масъалаҳое, ки дар сафҳаҳои рўзнома тарҳ шуда буд, ҳанўз бо қувват матраҳ аст.

Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.