Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Паёмоварони баҳор
Дориюши Раҷабиён

Яке аз армуғонҳои “перестройка”-и Горбачев барои мардуми Осиёи Миёна ва аз ҷумла Тоҷикистон ин буд, ки ҷашни бостонии Наврӯзро аз чаҳордевории хонаҳо раҳо кард ва ба хиёбонҳо бурд. То он замон сардамдорони Шӯравӣ ба гумони ин ки Наврӯз ҳам монанди идҳои Фитр ва Қурбон як ойини исломӣ аст, ин ҷашни ҳазоронсоларо ба пастуи хонаҳо ронда буданд. Аммо шояд ба далели решаҳои пойдори Наврӯз, ки дар жарфои фарҳанги тоҷикҳо давида буд, аз Наврӯз дар хафо (пӯшида) таҷлил мешуд, навзодонро “Наврӯз” меномиданд, сабзаи наврӯз дар табақҳо сабз мешуд ва деги суманак меҷӯшид.

Мусалламан солиёни мутамодии асорати Наврӯз дар Тоҷикистон беасар набуд ва ҷашни Наврӯз дигар он шукӯҳеро  надошт, ки дар китобҳо мехондем. Ҳамакнун ойинҳои Наврӯз дар Тоҷикистон хулоса шуда; ба гунае, ки унсурҳое аз Чаҳоршанбесурӣ ва хонатакониву Сездаҳбадарро метавон дар хилоли се то чаҳор рӯз ҷашн мушоҳида кард, аммо ҳеҷ як аз ин ойинҳо ном ва намои комили худро ҳифз накардааст. Шояд ин зудгузар будани Наврӯз ҳам нишонае аз наҳваи баргузории пӯшида ва сареъи он дар гузашта бошад.

Бисёре талош кардаанд ва мекунанд, ки дар маҳофили хонаводагӣ ва иҷтимоъӣ бо чидани шаҳд ва ширу шаробу шакар ва шамъу шамшоду шафтолу рӯйи суфраҳои наврӯзишон суннати ривоӣ (ривоятӣ)-и ҳафтшинро зинда кунанд. Шуморе ҳам бо илҳом аз Наврӯзи Эрон суфраи наврӯзиашонро бо сиру синҷиду сумоқу сиркаву суману ва сабзаву сикка меороянд. Аммо ҳеч як аз ин русум  ҳамагонӣ нест ва ангезаҳое рӯшанфикрона дорад.

Ман нахустин суфраи ҳафтсинро дар шаҳри Душанбе соли 1989 дар Хонаи Синемои Кимёгаров дидам, ки намои музайян ва ороста бо шамъу ойина ва моҳии зарринаш барои муддате дароз маро шефта карда буд. Он ибтикори гурӯҳе аз филмсозҳои тоҷик буд, ки дами дар омодаи пазироӣ буданд ва ба ҳангоми пешвоз як мушт орд ҳам рӯйи шонаҳои мо рехтанд ва дар мо як ҳисси ғариби қадимеро бедор карданд.

Аммо набуди бархе аз аносири Наврӯз аз рангу бӯйи ин ҷашн дар Тоҷикистон чандон накостааст ва ойинҳои тозае ба он афзуда шуда ва бархе аз ойинҳои бостонӣ ҳам ҳифз шуда, ки дар кишварҳои дигар камтар ба чашм мехӯрад. Мардуми минтақаи кӯҳистонии Бадахшони Тоҷикистон дар остонаи Наврӯз пас аз хонатаконии муфассал деворҳои коҳгилии кулбаҳошонро бо орд мунаққаш мекунанд, бо орзуи ин ки соли оянда соли фаровонӣ бошад ва ранги сапеди орд соле сапедро ба армуғон оварад.

Хонатаконӣ дар мадорис ва донишгоҳҳо ҳам сурат мегирад ва донишҷӯҳо бо ҳидояти устодон деворҳоро рангу оҳак мезананд ва дар муҳаввата ва боғҳо дарахт мекоранд. Диду боздидҳои наврӯзӣ чандин рӯз қабл ва баъд аз Наврӯз сурат мегирад. Дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон нахустин гулҳои баҳман ҳадяи кӯдакон ба бузургтарҳо дар остонаи Наврӯз аст.

Дар ҳамаи хонаводаҳои тоҷик дар авоили моҳи март сабзаи суманак кошта мешавад, чун суфраи наврӯзии тоҷикҳо бидуни суманак қобили тасаввур нест. Яъне ҳамон сабзае, ки дар маросими Сездаҳбадари Эрон рӯйи боми худравҳо мегузоранд, то ба дасти бод ба канори ҷодда парт шавад, дар Тоҷикистон дар деги бузурги суманак дар фазои боз меҷӯшад ва табдил ба хурдании ширин ва муқаввӣ мешавад.

Дар ҳоле ки занҳо перомуни дегҳои бузург, пухтупазу шодӣ ва пойкӯбӣ мекунанд, мардҳо ба майдонҳои варзишӣ мераванд, куштӣ мегиранд, дорбозӣ мекунанд ва асп медавонанд. Дар манотиқи ҷанубии Тоҷикистон бузкашӣ мекунанд, ки гумон меравад бозмондае аз анвоъи варзишест, ки урдуи Чингиз ба Осиёи Миёна овардааст.

Дар шаҳрҳо хиёбонҳоро чароғонӣ мекунанд ва шиъорҳои фаровоне дар ҷоддаҳо овехта мешавад. Маъмулан тайи рӯзҳои 21 то 24 март дар майдонҳо ва гулгаштҳои марказӣ ҳунармандон ҳунарнамоӣ мекунанд ва аз дуру наздик садои карнаю сурнай меояд. Духтарон бо пӯшишҳои миллӣ, ки умдатаринаш атлас аст, мерақсанду овоз мехонанд.

Пиру ҷавон дар анвоъу ақсоми мусобиқот, аз ҷумла мусобиқаи ҳузури зеҳн ва “байтбарак” (мушоъира) ширкат мекунанд ва ҷоиза мебаранд. Намоишҳои шоди теотрӣ ва сиркӣ баргузор мешавад. Ривояте ҳаст, ки дар гузашта шоҳон иҷоза медоданд, ки бар пояи қуръакашӣ як тан аз раъоё дар рӯзи Наврӯз ба тахт бинишинад ва тоҷи шоҳӣ бар сар биниҳад ва барои як рӯз умури кишварро идора кунад. Ин расм ҳамакнун дар Тоҷикистон ҷилваи теотрӣ дорад.

Хулоса, Наврӯзи Тоҷикистон имрӯза як ҷашни саросарӣ ва миллии тамомъайёр аст, ки чи дар хона ва чи дар хиёбон аз он таҷлил мешавад а омезаест аз ойинҳо ва барномаҳои шоду ҳаяҷонангез. Аммо тоҷикҳо аз маъдуди миллатҳоенд, ки дар воқеъ ду соли нав доранд ва ҳар дуро ҷашн мегиранд. Лаҳзаи таҳвили сол нимашаби 31 декабри ҳар сол аст ва Наврӯз, ки ҳанӯз ҳам бархе аз афроди солманди тоҷик онро “соли нав” ҳам меноманд, дар Тоҷикистон ҳамасола рӯзи 21 март фаро мерасад.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.