Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Осори куҳан дар дижи нав
Қамари Аҳрор

Осорхонаи торихии шаҳри Хуҷанд, ки сохтмонаш ҳамин чаҳор сол пеш гушоиш ёфт, акнун ба муҳимтарин макони дидании шаҳр табдил шуда ва боздид аз он ҷузъи барномаҳои ҳатмии меҳмонони дувумин шаҳри бузурги Тоҷикистон аст. Шояд ба далели намои сохтмони он, ки ба истеҳкомоти азими бостонӣ мемонад ва ёдовари дижи бузургест, ки замоне дар каронаи рӯди Сир (Сайҳун) худнамоӣ мекард ва гӯё дар садаи чаҳоруми пеш аз мелод дидбонгоҳи лашкари Искандари Мақдунӣ буда. Бозмондаҳои он дижи куҳанро метавон дуруст дар канори ҳамин сохтмони ҷадид имрӯз ҳам дид. Ва дар воқеъ, бинои нави осорхонаи торихии Хуҷанд дар гӯшаи рости ҳамон дижи бостонӣ бино шудааст.

Албатта, муҳтавои музе ҳам ангезаи муҳимме барои боздид аз он аст: дар ду толори хурд ва се толори бузурги осорхона мешавад пораҳое аз панҷ ҳазор сол торихи мардуми ин сарзаминро мурур кард: аз осори мутаъаллиқ ба асри ҳаҷар (санг) ва брунз (биринҷӣ) гирифта, то ёфтаҳое аз тамаддуни Саразм – нахустин шаҳри Осиёи Миёна дар ҳазораи севуми пеш аз мелод, Ҳахоманишиён, юнониҳо, Ашкониён, Кӯшониён, Сосониён, Саффориён, Сомониён ва рӯзгори мутааххиртар баёнгари сарнавиштеанд, ки бар ин хитта гузаштааст.

Бозофаринии саҳнаҳое аз Тахти Ҷамшед ва муҷассамаи Дориюши Бузург тавассути ҳунармандони муъосири тоҷик тасвири комилтаре аз торихи минтақаро ба даст медиҳад. Дахмаҳо ва пораҳое аз як тобути чӯбии бозмонда аз садаи якуми пеш аз мелод аз дину ойинҳои гуногуне ҳикоят мекунанд, ки дар давраҳои мухталиф дар минтақа роиҷ будаанд. Ҷангафзорҳо ва кулоҳхӯде аз даврони ҳамлаи муғул ба Хуҷанд дар садаи 13 мелодӣ ҳамроҳ бо тандиси бузурге аз Темурмалик, диловари тоҷик, ки алайҳи муғулҳо ҷангид, бахше муҳим аз торихи шаҳр ва минтақаро бозгӯ мекунад. Ва дастхатҳои нодири “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва “Мантиқ-ут-тайр”-и Аттор ба осорхона буъди маънавӣ медиҳад. Хумҳои бузург аз садаҳои ҳафтум ва ҳаштуми мелодӣ, шамъдони гилии аҳди Сомониён, сиккаҳои Кӯшонӣ ва Сомонӣ, офтобаи ороста бо нақшу нигор ва қаламдони хотамкоришуда аз давраҳои мутааххиртар аз ҷумлаи ашёи дигари осорхонаи торихии шаҳри Хуҷанд аст.

Музеи Хуҷанд имсол ҳаштодсола мешавад, аммо ин музе то соли 2006 дар ҷавори як масҷид маҳалле буд, ки камтар мавриди таваҷҷуҳи обирон (роҳгузарҳо) воқеъ мешуд. Бо интиқоли даҳ ҳазор шайъи торихии нодир ба сохтмони дижгунаи ҷадид ин осори торихӣ беш аз пеш ҷалби таваҷҷуҳ мекунад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Муҳаррам Абдуллоева, аз масъулони осорхонаи торихӣ, сохтмони музе ҳанӯз такмил нашуда ва танҳо ду ҳазор адад аз ашёи торихӣ дар толорҳои он қарор гирифтаанд ва бо такмили сохтмон мобақии осор ҳам аз анборҳо ба пушти шишаҳо ва радифҳои музе мунтақил хоҳанд шуд.

Дар гузориши мусаввари ин сафҳа ба дидани осорхонаи торихии шаҳри Хуҷанд меравем.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.